Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси гумонбар дар қатли Ҳувайдо то 22 октябр тамдид шуд


Додгоҳи шаҳри Серпуховои Подмосковйе рӯзи 20 сентябр мӯҳлтаи ҳабси пешакии Александр Сёмин, гумонбари куштори ваҳшиёнаи тифли тоҷик Ҳувайдо Тиллозодаро барои як моҳи дигар дароз кард. Ин марди муттаҳам дар таҷовуз ва қатли духтари 5-сола то 22-уми октбяр дар боздошт хоҳад буд. Сабаби дароз кардани муҳлати боздошт дар он аст, ки муфаттиш гуфтааст, то ба ҳол натиҷаи ташхиси рӯҳии Сёмин омода нашудааст.

Аммо вакили мудофиаи оилаи Ҳувайдо Тиллозода мегӯяд, ҳатто дар сурате ки натиҷаи ташхис нишон бидиҳад, ки Сёмин рӯҳан солим нест, ӯ аз ҷавобгарӣ озод намешавад. Падари Ҳувайдо мегӯяд, ба парванди ин мард боз як банди дигар илова шудааст, ки ба одамрабоӣ дахл дорад. Гуфта мешавад, Сёмин дасти кам нисбати 5 духтар талоши дастарозиро кардааст. Ҳоло Сёминро ба бемористони ба номи Сербскии Маскав барои ташхиси равонӣ интиқол додаанд.

Интизор меравад, ки мурофиаи додгоҳӣ охири соли ҷорӣ шурӯъ мешавад. Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ҳам мегӯяд, ин қазияро пайгирӣ дорад ва рӯзи гузашта яке аз намояндагони сафорат дар мурофиа ширкат кард.

Ёдовар мешавам, ки Ҳувайдо Тиллозода 22-юми июл дар шаҳри Серпухово ба таври бераҳмона аввал таҷовуз ва баъдан кушта шуд. Ҷасади ӯро каме дуртар аз маҳалли зисташон дар як борхалтаи варзишӣ пайдо карданд.

XS
SM
MD
LG