Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи тағйирот: Барканории раисони Хоруғ, Роштқалъа ва Рӯшон


Арамбегим Маҳтобшозода
Арамбегим Маҳтобшозода

Раиси шаҳри Хоруғ ва раисони ноҳияҳои Рӯшону Роштқалъаи вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон аз мақомҳои худ барканор шуданд. Арамбегим Маҳтобшозода, раиси шаҳри Хоруғ, дар пайи интиқоди раиси ҷумҳур аз вазъи тартибот дар маркази вилояти Бадахшон мақоми худро аз даст дод.

Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи президент, рӯзи 19-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ҷойи Маҳтобшозода, Кишвар Шамиров раиси нави шаҳри Хоруғ таъйин шудааст.

Арамбегим Маҳтобшозода аз моҳи ноябри соли 2016 раиси шаҳри Хоруғ буд. Ӯ дар гузашта дар мақомҳои раиси идораи кор бо занон ва муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор кардааст.

Ҳамин тавр, бо фармонҳои президент, Имомназар Хӯҷаназаров аз вазифаи раиси ноҳияи Рӯшон барканор шуда, ба ҷойи ба ин мақом Фаррух Додихудоев омадааст.

Раиси ноҳияи Роштқалъа Юсуф Султонноёбов ҳам аз мақомаш озод шуда, ба ҷойи ӯ Давлатшо Мамадшоев таъйин гардидааст.

Аммо дар фармони барканории ин нафарон, ки сомонаи Президент нашр кард сабаби барканории онҳо шарҳ дода нашудааст.

Дар ин замина бештар бихонед:

Тағйироти кадрӣ дар ҳукумат, додгоҳ ва РКД-и Бадахшон

XS
SM
MD
LG