Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон барои " таҷрибаи арӯсрабоӣ" шадидан танқид шуд


Кумитаи СММ дар умури мубориза бо табъизи занон мақомоти Қирғизистонро барои нокомӣ дар баробари густариши таҷрибаи арӯсрабоӣ, таҷовуз ба номус, издивоҷҳои маҷбурӣ ва нақзи мунтазами ҳуқуқи инсон танқид кард.

Ду узви кумита дар гузориши худ бо такя ба баҳои 14 созмони ҳомии ҳуқуқ гуфтанд, мақомоти Қирғизистон наметавонанд, ба омилони ҳолатҳои арӯсрабоӣ ҷазои муносиб диҳанд ва аз қурбониҳо ҳимоят кунанд.

Дар ин гузориш, ки 18 сентябр дар шаҳри Женева ироа шуд, гуфта мешавад, набуди дониши кофӣ ва муносибати дағалонаи шахсони мансабдор дар бештари маврид монеи расидани қурбониён ба адолат шудааст.

Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид аз мақомоти Қирғизистон даъват намуд, ки барои муҷозоти дастандаркорони ҷиноятҳои арӯсрабоӣ, таҷовуз ва хушунати ҷинсӣ қонунгузории худро такмил кунанд.

Қирғизистон муваззаф шуд, ки дар бораи чораҳои андешидаааш дар ин робита то моҳи марти соли 2018 ҳисобот пешниҳод кунад.

XS
SM
MD
LG