Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои Сурия ҳавопаймои Русияро иштибоҳан сарозер карданд


Ҳавопаймои ИЛ-20
Ҳавопаймои ИЛ-20

Вазорати дифои Русия гуфт, ки 15 сарбозаш дар натиҷаи зарбаи иштибоҳии нерӯҳои ҳавоии Сурия дар фарози Баҳри Миёназамин кушта шуд ва Маскав Исроилро дар эҷоди вазъи хатарнок, ки ба қурбон шудани аскарони рус расонд, муттаҳам кард.

Игор Конашенков, сухангӯи Вазорати дифои Русия, рӯзи 18-уми сентябр гуфт, ки нерӯҳои Сурия ҳавопаймои низомии Русияро дар пайи "амалкарди бемасъулиятонаи Исроил" сарозер карданд.

"Ин комилан хилофи рӯҳияи шарикии Русия ва Исроил аст", - гуфт хабаргузории ТАСС аз қавли Конашенков.

Шарҳи сухангӯ дар ҳоле пахш шуд, ки субҳи 18-уми сентябр Вазорати дифои Русия гуфт, ҳавопаймои низомии ИЛ-20 шаби гузашта, соати 11 дар 35-километрии соҳилҳои Сурия суқут кард.

Ил-20 дар ҳоле аз радаҳо нопадид шуд, ки ҳавопаймои ҷангии F-16-и Исроил пойгоҳҳои Сурияро дар вилояти Латакиа мавриди ҳамла қарор дод.

Ба гуфтаи вазорат, ҳавопаймои низомии Ил-20 аз қисмати шимолу ғарби Латакиа ба пойгоҳи низомии Русия дар Ҳмеймими Сурия бармегашт.

Исроил ва Сурия то ҳол ин хабарро шарҳ надодаанд.

XS
SM
MD
LG