Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ва Эрдуғон масъалаи Идлибро дар Сочӣ барасӣ мекунанд


Владимир Путин ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон
Владимир Путин ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон

Президентҳои Русия ва Туркия - Владимир Путин ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо ҳадафи баррасии баҳсҳо дар атрофи Идлиби Сурия, рӯзи 17 сентябр дар Сочӣ мулоқот мекунанд.

Русия ва Туркия, ки аз гурӯҳҳои мухолифи вориди низоъи Сурия пуштибонӣ доранд, дар ин мулоқот ҳамлаи тарҳрезишудаи нерӯҳои Башор Асад ба охирин пойгоҳи мухолифон -Идлибро баҳс мекунанд.

Мулоқоти ду раиси ҷумҳур дар фосилаи 10 рӯз баъди нишасти якҷояи онҳо бо президенти Эрон ҷараён мегирад. Президенти Туркия шадидан мухолифи ҳамлаи нерӯҳои Асад ба Идлиб аст, дар ҳоле, ки Русия ва Эрон аз ҳамлаи ба охирин пойгоҳи мухолифин пуштибонӣ меунанд. Маскав ва Теҳрон дар тӯли ҷанги 7-сола, ки моҳи марти соли 2011 дар пайи саркуби намоиши эътрозӣ оғоз шуд, аз ҳукумати Сурия пуштибонӣ кардаанд.

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров рӯзи 14 сентябр дар Берлин гуфт, ки дар ҳолати зарурӣ Маскав ба бомбаборони Идлиб идома хоҳад дод, вале барои фирори хоҳишмандон долонҳои амниятӣ созмон медиҳад.

XS
SM
MD
LG