Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занозании сокинони Туркманистон ҳангоми навбатпоӣ барои нон


Дар вилояти Дашоғузи Туркманистон 14 сентябр миёни сокиноне, ки дар назди фурӯшгоҳи корхонаи орд барои харидани нон навбат меистоданд, занозанӣ рух дод. "Вақте чаҳор оқсақоли шаҳр хостанд, бе навбат нон харанд, мардум ба сари онҳо дод заданд. "Навбатпоён ба онҳо гуфтанд, ин шумоед, ки кишварро ба ин рӯз расондед. Мардум аз пушти шумо имрӯз наметавонад як бурда нон биёбад. Шумо на барои мардум, балки барои шикамҳои худ оқсақолед", - гуфт яке аз шоҳидон.

Талошҳо барои таъйини шахсияти ин чаҳор куҳансоли Дашоғуз ва гирифтани назари онҳо дар робита ба ҳодиса бенатиҷа буданд.

Хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ мегӯяд, вақтҳои ахир сокинони Дашоғуз бо мушкили норасоии нон рӯбарӯянд. "Мардум дар азоб аст. Орд нест. Ҳама гуруснаанд", - гуфт ӯ.

Хабарнигори мо моҳи июн хабар дода буд, ки дар ноҳияи Болдумсози Дашоғуз ба сокинон танҳо баъд аз пешниҳоди шиноснома нон мефурӯшанд.

Расонаҳои давлатии Туркманистон боре дар бораи буҳрони ҷорӣ дар ин кишвар хабар намедиҳанд ва баръакс, аз фаровонии ғизову маҳсулот дар бозорҳои худ гузориш медиҳанд.

XS
SM
MD
LG