Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меркел гуфт, таҳрими Аврупо зидди Русия боқӣ мемонад


Ангела Меркел
Ангела Меркел

Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, мегӯяд, таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо болои Маскав то замоне боқӣ хоҳад монд, ки бар асоси созишномаи Минск “як оташбаси пойдор дар Украина барқарор шавад”.

Меркел рӯзи 14-уми сентябр дар Вилнюс ба хабарнигорон гуфт, “таъмини сулҳ дар Украина ва тамомияти арзии ин кишвар ҳадафшон аст”.

Ҳимояти Русия аз ҷудоиталабон дар шарқи Украина, ки алайҳи нирӯҳои ҳукуматии он кишвар меҷанганд ва ишғоли нимҷазираи Қрим сабаб шуд, то Иттиҳодияи Аврупо болои Маскав таҳрим ҷорӣ кунад.

Аз оғози ҷанг дар шарқи Украина дар моҳи апрели соли 2014 ба ин тараф беш аз даҳ ҳазор нафар кушта шудааст.

XS
SM
MD
LG