Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тӯфони "Флоренс" ба соҳилҳои шарқии Амрико расид. ВИДЕО


Кӯчаҳои пур аз оби шаҳри Ню-Берни Королинаи Шимолӣ.13 сентябри соли 2018
Кӯчаҳои пур аз оби шаҳри Ню-Берни Королинаи Шимолӣ.13 сентябри соли 2018

Тӯфони "Флоренс" ба соҳилҳои шарқии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико расид.

Шаҳрҳои наздисоҳилии аёлати Королинаи Шимолӣ, ки дар роҳи гузори тӯфон ҳастанд, зери зарбаи "Флоренс" қарор гирифтанд. Баъди боронҳои шадид марказҳои пешбинии обу ҳаво аз эҳтимоли обхезӣ ҳушдор доданд. Сатҳи об эҳтимол 3-4 метр баланд мешавад.

Дар шаҳрҳои Королинаи Шимолӣ нерӯи барқ хомуш шуд. Беш аз 300 ҳазор хона бе барқ монд. Дар шаҳри Ню-Берн сел шуруъ шудааст. Матбуот мегӯяд, ки суръати шамол 155 километр дар соат аст.

Тӯфони "Флоренс" тадриҷан ба соҳилҳо наздик мешавад. Дар шаҳрҳое, ки ба хатари обхезӣ рӯ ба рӯ шудаанд, наздик ба 10 ҳазор одам зиндагӣ мекунад.

Дар Королинаи Шимолӣ ва Ҷанубӣ, Вирҷиния ва Ҷорҷиа ҳолати фавқулодда эълон шуд. Ба сокинон тавсия шудааст, аз ин минтақа, ки эҳтимол зери об мемонад, берун шаванд.

Тундбоди Флоренс ба соҳилҳои Амрико расид
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:36 0:00

XS
SM
MD
LG