Мудири мактаби деҳаи Фирдавсии вилояти Туркистони Қазоқистон Жанар Мамирова, ки дар оғози соли нави хониш аз вуруди талабаҳои ҳиҷобпӯш ба мактаб ҷилавгирӣ кард, мегӯяд, ки ба ӯ таҳдид мекунанд.
"Маро ба ин айбдор мекунанд, ки духтаронро маҷбур кардам, рӯймолҳояшонро аз сар бадар кунанд. Аз рақамҳои ношинос ба ман занг зада, ба марг таҳдид мекунанд", - мегӯяд Жанар Мамирова.
Сухангӯи пулиси Туркистон Салтанат Каракозова гуфт, дар асоси шикояти Мамирова бо банди "Таҳдид" парванда боз ва санҷиш оғоз шудааст.
Дар деҳаи Фирдавсӣ ҳафтаи гузашта волидони 13 хонандаеро ҷарима карданд, ки нахостанд, ҳиҷобҳои худро бадар кунанд. Дертар мақомот хабар доданд, ки бештари хонандаҳо дастурро иҷро карданд. Бархе волидон дар эътироз ба талаби маъмурият ҳуҷҷатҳои фарзандони худро аз мактаб гирифтанд.
Раҳбарияти мактаб бо такя ба фармони вазири маорифи Қазоқистон аз моҳи январи соли 2016 дар бораи либоси ягонаи мактабӣ хонандаҳоро бо рӯймол ба дарсҳо роҳ намедиҳанд. Фармон либоси ягонаи мактаб ҳатмӣ ва пӯшидани либосҳои мазҳабиро манъ мекунад.