Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ноҳия ҳангоми гирифтани $400 ҳазор ришва дастгир шуд


Пулҳои ришва
Пулҳои ришва

Раиси ноҳияи Юнусободи шаҳри Тошканд Бахтиёр Абдусамадов ҳангоми гирифтани ришва ба маблағи 400 ҳазор доллар боздошт шуд.

Абдусамадовро маъмурони Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон моҳи сентябр дастгир карданд.

Бино ба хабари расонаҳои ин кишвар, якҷо бо раиси Юнусобод чанд тани дигаре низ боздошт шуд, ки дар вақти ришваситонӣ ҳузур доштанд.

Абдусамадови 42-сола моҳи апрели соли 2017 раиси ноҳияи Юнусобод таъйин шуд. Ӯ то он замон ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Узбекистон раҳбарӣ мекард.

Ин мақомдор 11 апрели соли равон дар як ҷаласаи видеоии президенти Узбекистон танбеҳи ҷиддӣ гирифта, вале баъд аз як ҳафта аз раҳбарии кумита озод ва раиси ноҳияи Юнусобод таъйин шуд.

XS
SM
MD
LG