Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо додситони кулли Эрон


Неъматулло Эмомзода (аз тарафи рост) бо Муҳаммад Ҷаъфар Мунтазирӣ. Акс аз Ҳамид Атоӣ, хабаргузории "Мизон"
Неъматулло Эмомзода (аз тарафи рост) бо Муҳаммад Ҷаъфар Мунтазирӣ. Акс аз Ҳамид Атоӣ, хабаргузории "Мизон"

Сафири Тоҷикистон дар Эрон Неъматулло Эмомзода бо додситони кулли он кишвар Муҳаммад Ҷаъфар Мунтазирӣ мулоқот кардааст. Дар сафорати Тоҷикистон дар Эрон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар ин дидор масъалаи сафари Мунтазирӣ ба Душанбе “ва масоили дигар” баррасӣ шуд. Мулоқот оғози ҳафтаи равон баргузор гардидааст.

Неъматулло Эмомзода рӯзи 12-уми сентябр аз сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, қарор аст, додситони кулли Эрон дар ҳамоиши додситонҳои кулли кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар Душанбе иштирок кунад.

Ба ин суол, ки оё дар ин дидор баҳси пулӣ ва масоили марбут ба ҷинояту ҷинояткорӣ ҳам баррасӣ шуд ё не, сафир посух надод.

Рӯзи 11-уми сентябр дар чанд расонаи Эрон акси сафири Тоҷикистон ва додситони кулли он кишвар нашр шуд. Аммо дар бораи ҷузъиёти ин мулоқот чизе гуфта нашудааст.

Эрону Тоҷикистон тақрибан се сол боз муносибати чандон хубе надоранд. Ин муносибат дар пайи баҳси пулҳои Бобаки Занҷонӣ ва иддаои ҳимояти Эрон аз мухолифони тоҷик ба сардӣ гароид.

XS
SM
MD
LG