Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон аз сафири Туркия хост, "иттилоъро дуруст расонад"


Комил Фурот
Комил Фурот

Сафири Туркия дар шаҳри Бишкек Комил Фурот рӯзи 11-уми сентябр ба Вазорати умури хориҷии Қирғизистон даъват шуд. Дар ин бора вазорат хабар дод.

Дар мулоқот масоили марбут ба иҷрои қарордодҳое баррасӣ шудааст, ки 1-2-юми сентябр дар ҷараёни сафари президенти Туркия ба Қирғизистон имзо шуданд. Ҳамчунин натиҷаҳои Ҷаласаи чоруми Шӯрои олии ҳамкориҳои стратегии Қирғизистон ва Туркия муҳокима гаштаанд.

"Ҷониби Қирғизистон хост, ба ҷомеа танҳо хабарҳои дуруст расонида шавад", - омадааст дар иттилоияи Вазорати умури хориҷии Қирғизистон.

Комил Фурот рӯзи 10-уми сентябр дар як нишасти хабарӣ гуфт, биноҳои муассисаи таълимии "Сапат" дар Қирғизистон ба бунёди туркии "Маориф" дода мешаванд. Вале Вазорати маорифи Қирғизистон зуд вокуниш нишон дод.

Ин ниҳод гуфт, роҷеъ ба масъалаи додани биноҳо муассисони "Сапат" тасмим хоҳанд гирифт, ки ба ҳайати онҳо ҳам шаҳрвандон ва ҳам Вазорати маорифи Қирғизистон шомиланд.

XS
SM
MD
LG