Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВАО: Ҳамлагарони Скрипалро агенти дигари Русия "фурӯхт"


Александр Петров ва Руслан Боширов
Александр Петров ва Руслан Боширов

Истихбороти Британия ҳамлагарони Сергей Скрипалро ба воситаи ҷосуси дигари Русия ошкор кард. Дар ин бора нашрияи британиягии Daily Express рӯзи 11-уми сентябр бо такя ба манбаъҳояш хабар дод. Тасдиқи ин хабар аз манобеи дигар дастрас нашудааст.

Daily Express исми рамзии ҷосуси зархариди Русияро "Аполон" гуфтааст. Ин нафар гӯиё дар сафорати Русия дар Рум кор мекард ва дар бораи НАТО маводи маҳрамона ҷамъ меовард.

Вақте ҷосусҳои MI-6 бо "Аполон" дар тамос шуданд, ӯ гуфтааст, аз сиёсати президент Путин норозӣ аст ва мехоҳад ба хориҷ муҳоҷират кунад.

"Аполон"-ро аввали моҳи апрел ба Британия оварданд. Ӯ дар бораи "Шабакаи байналмилаии ҷосусии Маскав" маълумот дод ва номи аслии ҳамлагарони эҳтимолии Солсбери - Александр Петров ва Руслан Башоровро ошкор кард. Ба гуфти Daily Express, "Аполон" тасдиқ кард, ки ду иштирокчии заҳролудкунии Скрипал ва духтари ӯ кормандони истихбороти низомӣ ҳастанд.

"Истихбороти Британия хати ҳаракат ва робитаҳои ҷосусҳои истихбороти Русияро чаҳор моҳ санҷид ва танҳо баъди ин маълумотро дар бораи онҳо қисман ошкор кард", - навиштааст Daily Express.

Моҳи марти имсол корманди пешини Идораи истихбороти Русия Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлия дар шаҳри Солсберии Британия бо гази фалаҷкунандаи асаб - "Новичок" заҳролуд шуданд. Лондон мегӯяд, ки ҳамларо Маскав ташкил кард ва масъулияти онро мустақим бар дӯши Путин гузошт. Истихбороти Британия Александр Петров ва Руслан Бошировро иҷрокунандаи ин ҳамла эълон кард.

Нашрияи The Mirror қаблан хабар дод, ки дар парванда чаҳор нафари номаълум аз гурӯҳи "поккорҳо" пайдо шуд, ки аз паси Петров ба Башоров барои ҳолатиҳои ғайри қобили пешбинӣ назорат мебурд.

XS
SM
MD
LG