Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мудири кулли CBS баъди иттиҳоми озори ҷинсӣ истеъфо медиҳад


Лесли Мунвес
Лесли Мунвес

Мудири кулли шикати расонаии CBS Лесли Мунвес аз мақомаш истеъфо медиҳад. Изҳороте ба ин мазмун рӯзи 9 сентябр дар сомонаи CBS нашр шуд. Мунвесро дар ин мақом раҳбари барномаҳои ширкат Ҷозеф Янниелло иваз мекунад. Сабаби истеъфои Лесли Мунвес иттиҳоми дастдарозӣ ба занҳо гуфта мешавад.

Мунвес 68 сол дорад ва 20 сол ба ширкати CBS раҳбарӣ кардааст. Тавре хабаргузории Reuters мегӯяд, агар бозҷӯии дохилӣ далелҳои озори ҷинсиро ошкор накунад, раҳбарияти CBS ба Мунвес 120 миллион доллар ҷуброни хисорот медиҳад.

Тобистони соли равон шаш зан Мунвесро ошкоро ба ҳамлаи ҷинсӣ муттаҳам карданд. Ҳамон вақъ маълум шуд, ки CBS ҷузъиёти истеъфои раҳбари худро ба баррасӣ гирифтааст. Мунвес ҳамчунин аз ҳаъати Комиссияи мубориза бо таъқиби ҷинсӣ ва баробарии марду зан дар коргоҳ хориҷ шуд.

Рӯзи якшанбеи 9 сентябр маҷаллаи The New Yorker шикоятҳои нави зидди Мунвесро бо иттиҳоми озори ҷинси нашр кард. Баъди се соати нашри онҳо CBS оҷилан истеъфои мудири куллро талаб кард.

XS
SM
MD
LG