Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаш медали математикҳои тоҷик дар Маскав


Хонандагони тоҷик аз озмуни байналмилалии фаннҳои дақиқ дар шаҳри Маскав бо 6 нишон, аз ҷумла, 2 медали нуқра ва чаҳор биринҷӣ баргаштанд. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ 10-уми сентябр аз литсей-интернати тоҷикӣ-русии «Ҳотам ПВ» хабар доданд. Дар сабқати байналмилалӣ, ки рӯзҳои 2-9 сентябр дар Маскав пойтахти Русия баргузор шуд, хонандагони тоҷик аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва чанд кишвари Аврупо пешсаф ба ватан баргаштанд. Дар ин олимпиада шогирдони литсеи «Ҳотам ПВ» Наимҷон Хонҷонов, гирандаи стипендияи раиси шаҳри Душанбе ва Пиров Далер соҳиби медали нуқра шуд, медали биринҷиро Шоҳрухи Муҳаммадҷон, Фараҳманд Ҳасанов, Рахшон Амонов, гирандаи стипендияи раиси шаҳри Душанбе ва Анушервон Бозоров соҳиб шуданд. Сабқат дар байни 33 кишвар ва бо ташабуси шаҳрдори Маскав Сергей Собянин баргузор шуд. Дар доираи ҳафтаи маориф ҳамчунин, бизнес-форум оид ба фановариҳои рақамӣ ва инноватсионӣ дар соҳаи маориф баргузор шуд, ки дар он садҳо мутахассисони соҳаи маориф аз саросари ҷаҳон ширкат карданд. Бар асоси омори расмии вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз аввали соли 2018 хонандагони кишвар дар 20 олимпиадаи байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори 206 медал, аз ҷумла, 47 медали тилло, 73 нуқра ва 86 медали биринҷӣ гардиданд.

XS
SM
MD
LG