Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба корвони азодорон дар Кобул: 7 кушта ва 20 захмӣ


Пулиси Кобул, пойтахти Афғонистон мегӯяд, дар натиҷаи ҳамлаи интиҳорӣ ба корвони азодорони ҳафтаи шаҳид, ки бо ёдбуди Аҳмадшоҳи Масъуд оғоз ёфт, ҳафт нафар кушта ва беш аз бист тани дигари захмӣ шуданд.

Ҳашмат Станакзай, сухангӯи пулис Кобул гуфт, ҳамлавари маргталаб пас аз зуҳри 9-уми сентябр худро байни корвони гаштзании ҳафтаи шаҳид тарконд ва талафот ба ҷо гузошт.

Нусрат Раҳимӣ, муовини сухангӯи Вазорати умури дохилии Афғонистон мегӯяд, дар натиҷаи оташкушоии афроди мусаллаҳи ғайримасъул дар шаҳри Кобул 13 тани дигар захм бардошта, ба бемористон интиқол ёфтаанд. Ваҳид Маҷруҳ, Вазорати тандурустии Афғонистон ин рақамро дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард.

Аҳмадшоҳи Масъуд, фармондеҳи тоҷиктабори Афғонистон, ки ӯро барои муборизаи беамонаш бо артиши Шӯравӣ ва Толибон “Шери Панҷшер” мегуфтанд, 9-уми сентябри соли 2001 кушта шуд. Ду нафар, ки худро хабарнигор муаррифӣ карданд, маводи таркандаро дар дастгоҳи наворбардории худ насб карда буданд ва ҳангоми дар рӯ ба рӯи камера қарор доштани Аҳмадшоҳи Масъуд онро инфиҷор доданд.

Пас аз марг ба Аҳмадшоҳи Масъуд дар Афғонистон расман унвони “Қаҳрамони миллӣ” дода шуд.

XS
SM
MD
LG