Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дилшод Назаров дар Ҷоми IAAF пирӯз шуд ва $30000 гирифт


Дилшод Назаров
Дилшод Назаров

Дилшод Назаров, варзишгари маъруфи тоҷик, дар Ҷоми байниқитъавии Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук (IAAF Continental Cup) дар шаҳри Остраваи Ҷумҳурии Чех мақоми аввалро касб намуд.

Дилшод Назаров моҳи июли имсол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Браганса Паулистаи Бразилия бо натиҷаи 75 метру 18 сантиметр медали тилло ба даст овард

Чунонки вебсайти IAAF хабар додааст, дар мусобиқаи ниҳоии гурзандозӣ миёни мардон аз рӯи барномаи Ҷоми байниқитъавии Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук (IAAF Continental Cup), ки шоми якшанбеи 9-уми сентябр дар шаҳри Остраваи Ҷумҳурии Чех баргузор шуд, намоядаи қораи Осиё ва Уқёнус қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаров бо натиҷаи 77 метру 34 сантиметр дар мақоми аввал қарор гирифт. Ҷойи дувумро бо натиҷаи 74 метру 22 сантиметр намояндаи қораи Африқо Мустафо Ал-Ҷамол аз Миср соҳиб шуд.

Дар ҳисоби дастаӣ Осиё-Уқёнус ҷойи аввал, Аврупо ва Африқо ҷойҳои дувум ва Амрико ҷойи чорумро соҳиб шуданд.

Дар ин мусобиқа ҳашт варзишгар аз Тоҷикистон, Маҷористон, Мексика, Африқои Ҷанубӣ, Қатар, Лаҳистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Миср шикат дошт. Ба тими Осиё ва Уқёнус Ашраф Ал-Сайфӣ аз Қатар ва Дилшод Назаров аз Тоҷикистон дохил буданд.

Дар ин намуди олимпӣ қораи Аврупоро Бенсе Ҳалаз (Маҷористон) ва Войтсех Новитски (Лаҳистон), қораи Амрикоро Сеан Доннелли (ИМА) ва Диего Дел Реал (Mексика), қораи Африқоро Мустафо Ал-Ҷамол (Миср) ва Тшепанг Макҳети (Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ) намояндагӣ карданд.

Ёдовар мешавем, қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия Дилшод Назарови 36-сола дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ 26-уми августи имсол дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия дар мусобиқаи гурзандозӣ бо натиҷаи 74 метру 16 сантиметр барои ҷойи дувум бо медали нуқра мукофотонида шуд. Дар мусобиқаи мазкур Ашраф Ал-Сайфии 23-сола бо натиҷаи 76 метру 88 сантиметр мақоми аввалро касб намуд ва бо медали тилло сарфароз гашт.

Ашраф дар Ҷоми байниқитъавии Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук (IAAF Continental Cup) дар шаҳри Остраваи Ҷумҳурии Чех бо натиҷаи 74 метру 08 сантиметр панҷум шуд.

Дилшод Назаров моҳи июли имсол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Браганса Паулистаи Бразилия бо натиҷаи 75 метру 18 сантиметр медали тилло ба даст овард. Ӯ, инчунин дар мавсими имсола дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Лаҳистон медали биринҷӣ гирифт.

Дар Ҷоми байниқитъавии Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук (IAAF Continental Cup) дар шаҳри Остраваи Ҷумҳурии Чех беш аз 320 варзишгар аз 78 кишвар ширкат варзид.

Ба ҷуз гурзандозӣ, варзишгарон дар давидан ба масофаҳои мухталиф, ҷаҳиш ба баландӣ, ҷаҳиш бо ходачӯб, ҷаҳиш ба дарозӣ, ҷаҳиши секарата, партоби гулӯла, партоби диск, найзаандозӣ, эстафетаи 4х100 миёни мардону занон ва эстафетаи омехта 4х400 метр рақобат карданд.

Ба варзишгароне, ки дар рақобатҳои инфиродӣ ҷойҳои аз якум то ҳаштумро гирифтанд, ҷоизаҳои молӣ супурда шуд: барои ғолибон - 30000 доллар, ҷойи дуюм - 15000, ҷойи сеюм - 10000, ҷойи чорум - 7000, ҷойи панҷум - 5000, ҷойи шашум - 3000, ҷойи ҳафтум - 2000 ва ҷойи ҳаштум - 1000 доллари ИМА. Дар эстафета маблағи ҷоиза чунин буд: ҷойи аввал – 30000, ҷойи дуюм - 20000, ҷойи сеюм - 10000, ҷойи чорум - 8000 доллари ИМА.

Дастовардҳои беҳтарини Дилшод Назаров​

Дилшод Назарови 36-сола аз хушномтарин ситораҳои варзиши тоҷик ба шумор меравад ва шарафи Тоҷикистонро дар чор Олимпиадаи тобистона - соли 2004 дар Афина (Юнон, натиҷааш - 0), соли 2008 дар Пекин (Чин, натиҷааш – 76.54, ҷойи 11-ум), соли 2012 дар Лондон (Англия, натиҷааш – 73.80, ҷойи 9-ум ) ва соли 2016 дар Рио-де-Жанейро (Бразилия, натиҷааш - 78.68, ҷойи 1-ум) - ҳимоят кардааст.

Дар Олимпиадаи охирин ӯ бо натиҷаи 78 метру 68 сантиметр ба унвони қаҳрамони Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ мушарраф шуда, бо медали тилло сарфароз гаштааст.

Ӯ дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, ки соли 2015 дар пойтахти Чин – шаҳри Пекин – барпо гардид, бо натиҷаи 78 метру 55 сантиметр мақоми дувумро касб намуд ва бо медали нуқра мукофотонида шуд.

Дилшод Назаров дар панҷ Бозиҳои тобистонаи осиёӣ иштирок карда, се бор ғолиб шудааст: соли 2006 дар Доҳа (Қатар, натиҷааш - 74.43, ҷойи 1-ум), соли 2010 дар Гуанжоу (Чин, натиҷааш – 76.44, ҷойи 1-ум ), соли 2014 дар Инчон (Кореяи Ҷанубӣ, натиҷааш - 76.82, ҷойи 1-ум).

Ӯ, инчунин қаҳрамони чоркаратаи Осиё мебошад: соли 2009 дар Гуанжоу (Чин, натиҷааш - 76.92, ҷойи 1-ум), соли 2013 дар Пуна (Ҳиндустон, натиҷааш – 78.32, ҷойи 1-ум ), соли 2015 дар Вуҳан (Чин, натиҷааш - 77.68, ҷойи 1-ум) ва соли 2017 дар Бҳуданесвар (Ҳиндустон, натиҷааш - 76.69, ҷойи 1-ум).

Вай, ҳамчунин дар мусобиқоти ҷаҳонии гурзандозӣ бо номи “World Challenge” борҳо бо ҷоизаҳо сарфароз гардидааст. Ӯ моҳи июли имсол дар чунин мусобиқот дар шаҳри Браганса Паулистаи Бразилия бо натиҷаи 75 метру 18 сантиметр мақоми аввалро соҳиб гашт.

Дилшод Назаров 9-уми сентябри имсол дар Ҷоми байниқитъавии Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук (IAAF

Continental Cup) дар шаҳри Остраваи Ҷумҳурии Чех бо натиҷаи 77 метру 34 сантиметр мақоми аввалро касб намуд.

Рекорди инфиродии Дилшод Назаров дар гурзандозӣ 80 метру 71 сантиметр ва натиҷаи беҳтарини имсолааш 78 метру 18 сантиметр аст. Дилшод Назаров аз моҳи январи соли 2014 муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон, инчунин, раиси Федератсияи варзиши сабуки кишвар мебошад.

XS
SM
MD
LG