Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як мушовири интихоботии Трамп ба ҳабс маҳкум шуд


Ҷорҷ Пападополус
Ҷорҷ Пападополус

Ҷорҷ Пападопулос, як мушовири ситоди интихоботии Доналд Трамп дар интихоботи президентии соли 2016, ба хотири дурӯғгӯӣ ба маъмурони идораи таҳқиқоти федеролӣ ба 14 рӯз ҳабс маҳкум шуд. Додгоҳи федеролӣ дар Вашингтон рӯзи 7-уми сентябр Пападополусро маҳкум кард.

Бар асоси як санади додгоҳ, ӯ дар ҷараёни мурофиа батакрор узр хоста ва афзудааст, ба хотири он дурӯғ гуфт, ки тамосҳояшро бо ҷониби Русия кам нишон диҳад.

Пападополус аввалин касе аст, ки ба иттиҳомҳои воридшуда аз тарафи додситони вижа Роберт Мюллер эътироф мекунад.

Ин узви тими сиёсати хориҷии Трамп дар ҷараёни маъракаи интихоботии соли 2016 бо бархе аз афрод тамос барқарор карда буд, ки баъдан мақомҳои амрикоӣ гуфтанд, гумон меравад онҳо маъмурони Русия ҳастанд.

Ин гумонзанӣ сабаб шуд, то идораи таҳқиқоти федеролӣ таҳқиқро дар мавриди инки оё ҳамкорони Трамп барои ҳамкорӣ бо Русия талош кардаанд ё на, оғоз кард.

Пападополус дар моҳи октябри соли 2017 пазируфт, ки дар мавриди тамосҳояш бо ин афрод ба идораи таҳқиқоти федеролӣ дурӯғ гуфтааст.

XS
SM
MD
LG