Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

CNN: Русия ИМА-ро аз барномаи ҳамла ба Сурия огоҳ карда буд.


SYRIA -- Smoke blows from a building on fire that Ҳамлаи ҳавоии Русия ба Ҷадрая, минтақаи таҳти назорати шӯоришгарони мусаллаҳ. 4 сентябри соли 2018
SYRIA -- Smoke blows from a building on fire that Ҳамлаи ҳавоии Русия ба Ҷадрая, минтақаи таҳти назорати шӯоришгарони мусаллаҳ. 4 сентябри соли 2018

Русия ду дафъа Амрикоро аз омодагӣ барои ҳамла ба навоҳии Сурия, ки низомиёни ИМА дар он ҷо мустақар шудаанд, огоҳ карда буд. Маскав мегӯяд, ки дар он қаламравҳо тундравони мусаллаҳи исломӣ пинҳон шудаанд. Дар ин бора шабакаи телевизионии CNN бо такя ба манбаҳояш хабар дод. Гуфта мешавад, ки низомиёни Русия якҷо бо нерӯҳои таҳти назорати президенти Сурия Башор Асад амал мекунанд.

Ба маълумоти манбаҳои CNN нигаронии Вашингтон аз ноҳияи Эт-Танф дар вилояти Ҳомс аст, ки дар он пойгоҳи низомии Амрико ҷогир шудааст. Ҳамлаи иштибоҳии нерӯҳои ҳавоии Русия метавонад ба муқовимати тарафҳо мусоидат кунад,- мегӯянд дар Вашингтон. CNN мегӯяд, ки мақомоти низомии Амрико фармондеҳии Русияро аз ин эҳтимол ҳушдор додаанд.

Вазъ дар Сурия баъди маълум шудани барномаи ҳамлаи нерӯҳои ҳукуматӣ ба Идлиб муташаниҷ шуд. Ин охирин вилояти Сурия аст, ки дар дасти мухолифони мусаллаҳи Башор Асад қарор дорад. Ҷомеаи байналмилалӣ аз ин нигарон аст, ки нерӯҳои Сурия метавонанд дар ин минтақа аз силоҳи кимиёвӣ истифода кунанд. Вазорати дифои Русия дар навбати худ аз омода шудани "тавтеа"-е сӯҳбат мекунад, ки барои амалиёти низомӣ алайҳи Асад замина мегузорад.

XS
SM
MD
LG