Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонии Қирғизистон изҳороти мушовири хонаводаи Боқиевҳоро месанҷад


Додситонии кулли Қирғизистон далелҳои зикркардаи Евгений Гуревич - мушовири молии хонаводаи президенти пешини Қирғизистон Қурмонбек Боқиевро месанҷад. Дар ин бора хадамоти матбуотии ниҳоди мазкур 6 сентябр хабар дод.

Чанде пеш мушовири молии Боқиевҳо Евгений Гуревич дар мусоҳиба бо расонаҳо гуфт, хонаводаи президенти пешини Қирғизистон аз ин кишвар 200-300 миллион долларро ба хориҷ бурдааст. Гуревич дар Қирғизистон ғоибона маҳкум ба зиндон шуда, дар ИМА бо ҷурми дигар дар маҳбас аст.

Гуревич тасдиқ мекунад, ки далелҳои кофӣ дар даст дорад ва омодааст, бо мақомоти Қирғизистон ҳамкорӣ кунад. Вай ҳамчунин фасодкориҳои ҳукумати Боқиевро ошкор кард.

Ба гуфтаи Гуревич, соли 2015 намояндагони Додситонии кулли Қирғизистон ба зиндони аёлати Алабама рафта, ду рӯз бо ӯ суҳбат карданд. Вале талошҳо идома наёфтанд.

Додситони кулли пешини Қирғизистон Аида Салянова ҳам мегӯяд, Бишкек барои баргардонидани пулҳое, ки хонаводаи президенти пешини ин кишвар Қурмонбек Боқиев ба хориҷ бурда буд, талошҳои зиёде кард. Вале ба гуфтаи ӯ, ин талошҳо бо гузашти вақт беназорат монданд.

XS
SM
MD
LG