Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастаҳои Узбекистону Қирғизистон ба даври ниҳоии бузкашӣ роҳ ёфтанд. ВИДЕО


Тими мунтахаби Узбекистон дастаи Қазоқистонро бо ҳисоби 5:4 шикаст дода, ба даври ниҳоии мусобиқаи бузкашии Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиҳо роҳ ёфт. Варзишкорони узбек дар даври ниҳоӣ бо қирғизҳо рақобат хоҳанд кард.

Пештар дастаи мунтахаби Қирғизистон ба даври ниҳоии мусобиқаи бузкашии Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиҳо баромада буд. Варзишкорони қирғиз дар даври ниманиҳоӣ дастаи мунтахаби вилояти Москваро бо ҳисоби 23:5 шикаст дода буданд.

Даври ниҳоии мусобиқаи бузкашӣ 7 сентябр баргузор мешавад.

III-умин Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиҳо 2 сентябр дар аспрез ё ипподроми деҳаи Бактуу-Долонтуи вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон оғоз шуда, то 8 сентябр идома хоҳад кард. Дар қувваозмоиҳо 1,5 ҳазор варзишкор аз 66 кишвари дунё ширкат мекунанд. Дар маҷмуъ 594 медал - 174 тило, 173 нуқра ва 247 биринҷӣ тақдим карда хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG