Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пасандозгузорони Бонки Остона пулҳои худро талаб доранд


Даҳҳо муштарии Бонки Остона рӯзи 6 сентябр дар яке аз намояндагиҳои бонк дар хиёбони Саурани пойтахти Қазоқистон ҷамъ омада, ибрози норозигӣ карданд, ки чанд рӯз мешавад, аз ҳисобҳои худ пул гирифта наметавонанд.

Пасандозгузор Сауле Мукашева меӯяд, хонаашро фурӯхта, пулро дар бонк гузошта буд, вале ҳоло наметавонад он маблағро бозпас гирад. Ба гуфтаи ӯ, бонк додани пулро то 31 август қатъ кард буд ва то ҳол дастрасӣ ба ҳисобаш боз нашудааст.

Бештари муштариёни Бонки Остона нигаронанд, ки пасандозҳои онҳо дар натиҷаи поин рафтани қурби танга арзиши худро аз даст хоҳад дод.

Як масъули Бонки Остона, ки худро Сунгат Бойболатов муаррифӣ кард, гуфт, мудири бонки Жасулан Тоғузбоев нест ва ӯ наметавонад чизе бигӯяд. Муштариёни Бонки Остона мегӯянд, тайи чанд моҳи ахир бори дувум аст, ки бо ин мушкил рӯбарӯ мешаванд.

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев 18 апрели соли равон Бонки Остонаро аз зумраи се бонке номид, ки ба гуфтаи ӯ, "нишондодҳои бад" доранд. Назарбоев гуфт, Эксимбонк, Бонки Остона ва Qazaq Banki хуб мудирият нашудаанд ва бинобар ин, ҳоло наметавонанд амонатҳои сокинонро баргардонанд.

XS
SM
MD
LG