Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии бародари Алии Бедакӣ аз зиндон


Акси Алии Бедакӣ
Акси Алии Бедакӣ

Ҳусниддин Давлатов – бародари Аловуддин Давлатов (Алии Бедакӣ), пас аз адои муҳлати ҷазо аз маҳбас озод шудааст. Давлатов моҳи сентябри соли 2011 бо ҷурми таъмини гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ бо маводи тарканда ва либоси низомӣ боздошт ва ба 11,5 соли зиндон маҳкум шуда буд. Ӯро соли 2010 дар шаҳри Душанбе дастгир карданд.

Як манбаъ дар Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 6-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Ҳусниддин Давлатов оғози ҳафтаи равон аз маҳбаси маъруф бо номи "Якум Советский"-и пойтахт раҳо шудааст. Ба қавли мақомот, нисбат ба Ҳусниддин Давлатов ду дафъа қонуни афв татбиқ гардидааст. "Аз ин рӯ, баъди ҳафт соли адои ҷазо озод шуд", - гуфт манбаъ.

Наздикони Ҳусниддин Давлатов раҳоии ӯро аз зиндон тасдиқ карданд. Шаҳодат Давлатова, хоҳари Ҳусниддин Давлатов, рӯзи панҷшанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бародараш сиҳату саломат дар деҳаи Бедак аст.

Ҳусниддин Давлатов пас аз боздошташ дар моҳи сентябри соли 2010 тавассути телевизон суханронӣ кард ва гуфт, ба бародараш Аловуддин Давлатов барои муқовимати мусаллаҳона, аз ҷумла харидани маводи тарканда ва либосу муҳимоти низомӣ кумак кардааст.

Аловуддин Давлатов (Алии Бедакӣ) дар созмон додани ҳамла ба корвони нирӯҳои Вазорати дифоъ дар таърихи 19-уми сентябри соли 2010 муҷрим шинохта шудааст. Бар асари ин ҳамла 26 сарбози Вазорати дифоъ кушта шуд.

XS
SM
MD
LG