Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Узбекистон талбандагиро ҷиноят эълон мекунад


Намояндагони мардумӣ дар порлумони Узбекистон тарҳеро ба баррасӣ пешниҳод карданд, ки талбандагиро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ мекунад.

Тарҳи қонун, ки онҳоро президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев пешниҳод кардааст, рӯзи 3-юми сентябр дар саҳифаи расмии маълумоти ҳуқуқии ин кишвар нашр шуд.

Бар пояи тарҳи пешниҳодӣ, нафароне, ки ҳангоми талбандагӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ошкор мешаванд, дар ростои се соли зиндон қарор мегиранд. Ин тарҳ барои онҳое, ки ба қочоқи инсон машғул буда, кӯдакон, пирон ва афроди маъюро ба гадоӣ дар кӯчаҳо ҷалб мекунанд, то панҷ сол зиндон пешбинӣ мекунад.

Гадоҳо дар Узбекистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ баъди суқути Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 бо теъдоди бештар зоҳир шуданд.

Ҳарчанд шумори онҳо ҳоло камтар шудааст, гурӯҳҳои талбандаҳо дар фурудгоҳ, бозорҳо ва истгоҳи роҳи оҳани Узбекистон бисёр мушоҳида мешаванд.

XS
SM
MD
LG