Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садамаи чархбол дар Сибир се пилотро кушта ба ҷой гузошт


Макони садамаи чархболе дар Сибир. Акс аз бойгонӣ
Макони садамаи чархболе дар Сибир. Акс аз бойгонӣ

Ҳукмати Русия мегӯяд, ки бар асари садамаи як чархбол дар Сибир се сарнишин кушта шуд. Бахши минтақавии Вазорати фавқулоддаи Русия дар Сибир рӯзи 3 сентябр гуфт, ки ҷасади пилотҳои МИ-8 дар минтақаи дури вилояти Иркутск ошкор шуд.

Ба гуфтаи вазорат, чархболи ширкати давлатии Angara-Airlines, ки маъмурияти нақшабардориро иҷро мекард, рӯзи 2 сенятябр аз экрани радарҳо нопадид шуд.

Садамаи Сибир ҳамзамон бо суқути чархбол МИ-8 дар Афғонисон ҷараён гирифт. Ин чархбол, ки онро Вазорати дифои Афғонистон аз ширкати Молдова иҷора гирифта буд, ҳангоми баланд шудан аз замин дар фурӯдгоҳи низомии воқеъ дар Мазори Шариф суқут кард. Дар ин садама дастикам даҳ низомии афғон ва ду сарниши украинӣ кушта шуд.

Рӯзи 4 август як чархболи МИ-8 дар минтақаи Красноярски Сибир ба садама дучор шуд ва 18 нафарро қурбон кард.

Чархболи МИ-8 дар Русия ва кишварҳои дигари собиқ шӯравӣ бо ҳадафҳои низомӣ ва ҳам мулкӣ истифода мешавад.

XS
SM
MD
LG