Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиҳо шуруъ шуд (видео)


Маросими кушодашавии Бозиҳои Ҷаҳонии Кӯчиҳо дар Қирғизистон. 2 сентябр, 2018
Маросими кушодашавии Бозиҳои Ҷаҳонии Кӯчиҳо дар Қирғизистон. 2 сентябр, 2018

Дар ипподроми деҳаи Бактуу-Долонтуи вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон сеюмин Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиҳо шуруъ шуд. Ин чорабинӣ то 8 сентябр идома мекунад.

Маросими ботантанаи кушоиши Бозиҳои кӯчманчиён дар Қирғизистон(бидуни шарҳ)
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:52 0:00

Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиҳо тарҳи байналхалқии Қирғизистон аст, ки аз соли 2012 ба ин тараф баргузор мешавад.

Ҳукумати Қирғизистон мехоҳад, тавассути эҳёи анъанаҳои кӯчиҳо ба рушди сайёҳӣ ва варзиши кӯчиҳо мусоидат кунад.

Дар Бозиҳои навбатии кӯчиҳо 1,5 ҳазор варзишкор аз 66 кишвари дунё ширкат мекунанд. Дар маҷмуъ 594 медал - 174 тило, 173 нуқра ва 247 биринҷӣ тақдим карда хоҳад шуд.

Барои бозтоби Бозиҳо ба Қирғизистон бештар аз 500 намояндаи расонаҳои ахбори оми дунё омадаанд.

Пештар аз ин дар Қирғизистон дар солҳои 2014 ва 2016 Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиҳо баргузор шуда буданд.

XS
SM
MD
LG