Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати бузурги японӣ ба манъи воридоти нафти Эрон омода мешавад


Расонаҳои Япония навиштаанд, ки бузургтарин ширкати умдафурӯшии ин кишвар ба қатъи воридоти ашёи хоми Эрон омодагӣ мегирад ва ин амал аз моҳи оянда татбиқ хоҳад шуд. Хабаргузориҳои японӣ 3-уми сентябр гузориш доданд, ки ин тасмим баъд аз он гирифта шуд, ки ИМА таҳрими Эронро барқарор намуда, ҳушдор дод, ки сар аз моҳи ноябр ширкатҳои ҳамкор бо бахши содироти нафт ва низоми бонкии Эрон низ мавриди таҳрим қарор мегиранд. Япония ба воридоти нафти хом аз Ховари Миёна эҳтиёҷи шадид дорад. То 80 дарсади нафти ин кишвар аз Ховари Миёна ворид мешавад. Моҳи август ширкати фаронсавии "Тотал" ҳам расман ҳамкорӣ бо Эронро қатъ кард, то аз таҳрими Амрико халос шавад. Таҳрими ИМА ба вазъи иқтисоди Ҷумҳурии Исломӣ таъсири манфӣ гузошта, эътирозҳои мардумӣ ҳукумати Эронро зери фишор қарор додаанд.

XS
SM
MD
LG