Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нурсултон Назарбоев ба Қирғизистон рафт


Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои туркзабон ба Қирғизистон омад.

Ба ҷуз ин Назарбоев дар маросими кушодашавии севумин Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиҳо, ки 2 сентябр дар наздикии кӯли Иссиқкӯл доир гардид, ширкат кард.

Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои туркзабон созмони байналхалқист, ки кишварҳои туркзабони муосирро муттаҳид мекунад. Озорбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркия узви ин шӯро ҳастанд.

Дар маросими кушодашавии бозиҳои кӯчиҳо президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон ҳам ширкат кард.

XS
SM
MD
LG