Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳақиқи "қаҳтӣ" дар Украинаро кушта пайдо карданд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Пулиси Украина мегӯяд, ҷасади Микола Шитюк, яке аз муаррихони шинохтаро дар хонааш дар шаҳри Миколаев бо осори зӯроварӣ ва захми корд пайдо кардаанд.

Ба гуфтаи маъмурони пулиси шаҳр, ҷасади донишмандро рӯзи 1-уми сентябр ёфтаанд ва таҳқиқи ҷиноят шурӯъ шудааст. Микола Шитюк бо таҳқиқоташ дар бораи қаҳтии солҳои 1930 дар Украина, ки миллионҳо нафарро кушт, шинохта шуд.

Қаҳтӣ ва Голодомор дар Украина солҳои 1932 то соли 1933 замони таъсиси колхозу совхозҳо рух дод. Дар он замон мақомоти шӯравӣ деҳқононро маҷбур мекарданд, ки гандуму дигар маҳсулоти кишоварзиро ба ихтиёри колхозу совхозҳо супоранд.

XS
SM
MD
LG