Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвои соҳибкори чинӣ як тоҷири тоҷикро 8 сол паси панҷара бурд


Каромат Содиқова, молики ширкати “Азия-тур” ва шаҳрвнади Тоҷикистон, ки дар оғози имсол бо даъвои як соҳибкори чинӣ аз тарафи Оҷонсии зиддифасоди кишвар боздошт шуда буд, ба 8 соли зиндон маҳкум гардидааст. Як манбаи наздик ба тафтишот рӯзи 1-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Содиқова аз ҳукм розӣ нест ва барои бозбинии он шикоят кардааст.

Ба қавли манбаъ, ҳукми Каромат Содиқова ҳафтаи гузашта дар Додгоҳи шаҳри Душанбе қироат шуд. "Пойи Содиқова дар чанд қазияи дигар дармондааст. Муҳокимаи ӯ аз рӯи қазияҳои дигар дар додгоҳ идома дорад ва маълум нест, ҳукми ӯ аз ин тӯлонитар хоҳад шуд ваё дар шакли ҳозирааш хоҳад истод", - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Каромат Содиқова моҳи феврали имсол бар асоси аризаи шикоятии молики ширкати “Лен Ху А” ва “Маркази фарҳангии Хитой дар Тоҷикистон” Ҷен Ху А боздошт шуд. Ин соҳибкори чинӣ Содиқоваро дар тақаллуби ҳуҷҷат ва аз даст рафтани корхонаи истихроҷи сурмааш бо арзиши 1 миллион доллар айбдор кард.

Дар ин баҳс тарафи севум – "Ориёнбонк" низ буд. Масъулини ширкати “Лен Ху А” иддао карданд, корхонаи истихроҷи сурма, ки дар мавзеи Чойруқдарони шаҳри Гулистон (Қайроққуми пешин) сохта шуда буд, мавриди ғасби рейдерӣ қарор гирифтааст.

Ба иддаои ин соҳибкори чинӣ, раиси “Азия-тур” – як ширкати коршарикаш бо тақаллуби чанд ҳуҷҷат корхона ва чанде аз моликияти дигари ӯро гирифтааст ва ҳамакнун корхонаи ӯ дар гарави “Ориёнбонк” дармондааст. Ба таъкиди Ҷен Ху А, моликияти ӯ тавассути як нақшаи қаблан тарҳрезишуда миёни як ширкат ва бонк сурат гирифтааст.

"Каромат Содиқова бо як мактуби кафолатии тақаллубӣ аз “Ориёнбонк” наздик ба як миллион сомонӣ қарз гирифта, онро барнагардондааст. Дар натиҷа бонк пардохти қарзи ин ширкатро аз ман талаб кард", - гуфта буд соҳибкори чинӣ Ҷен Ху А.

Корхонаи истихроҷи сурма
Корхонаи истихроҷи сурма

Аммо худи Каромат Содиқова дар суҳбати қаблиаш бо Радиои Озодӣ ин иддаои соҳибкори чиниро комилан рад кард ва гуфт, баръакс ӯ аз ҳамкорӣ бо ин соҳибкор зиён дидааст. “Худатон тасаввур кунед. Магар бо ҳуҷҷати тақаллубӣ мешавад, аз бонк қарз гирифт? Ҳоло бонкҳо бе ҳуҷҷат ҳазор доллар қарз намедиҳанд, куҷо расад ба миллион сомонӣ?” - гуфта буд ӯ.

Ҳоло тақдири корхонаи сурма, ки сабаби аслии баҳс миёни ширкати "Лен Ху А", "Ориёнбонк" ва "Азия тур" гашта буд, номаълум аст. Масъулини Додгоҳи шаҳри Душанбе нахостанд, дар бораи ин қазия суҳбат кунанд. Онҳо гуфтанд, ки Содиқова аз болои қарори додгоҳ шикоят бурдааст ва фақат пас аз анҷоми баҳс метавонанд дар ин бора расман суҳбат кунанд.

Солҳои охир шикваҳо дар мавриди ғасби рейдерии моликият, хонаву манзил ва бизнес дар Тоҷикистон аз ҳарвақта бештар садо медиҳанд.

Матбуоти маҳаллӣ тайи ҳадди ақалл панҷ соли охир дар мавриди қазияҳои марбут ба шабакаҳои фурӯшгоҳҳои "Орима", бозори "Ином" дар Шаҳритус, бозори "Сомон" дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд матлабу гузоришҳо пахш карда буд, ки гуфта мешуд ин тиҷоратҳо мавриди ғасби рейдорон қарор гирифтаанд.

Соҳибкорони тоҷик баъд аз талошҳои бесамари бозпас гирифтани моликияташон дилсард шуда, маъмулан аз он даст мекашанд. Аммо сармоягузори чинӣ дар суҳбати қаблиаш бо Радиои Озодӣ гуфта буд, то ба охир барои баргардондани бизнесаш дар Тоҷикистон талош мекунад.

XS
SM
MD
LG