Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати чинӣ коршарики тоҷикашро дар ғасби корхонааш айбдор кардааст


Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон ба баррасии баҳси ширкати чинии “Лен Ху А” шуруъ кардааст. Ин ширкат иддао дорад, ки коршарикони тоҷикаш бо фиреб корхонаи сурмаашро ғасб кардаанд.

Мавлуда Қаландарзода, раиси Додгоҳи олиии иқтисодӣ рӯзи 26 июл дар нишасти хабарӣ гуфт, ин баҳс нахуст дар Додгоҳи иқтисодии Душанбе баррасӣ шуд ва ҷонибҳо аз натиҷаҳои он ба Додгоҳи олии иқтисодӣ шикояти касатсионӣ бурданд.

Ба қавли хонум Қаландарзода, Додгоҳи олии иқтисодӣ то ҳол дар бораи ин баҳс хулосаи худро нагуфтааст ва баррасии он идома дорад.

Баҳси ширкати “Лен Ху А”, "Азия-тур" ва “Ориёнбонк” аз ду сол ба ин тараф идома дорад.

Масъулини ширкати “Лен Ху А” иддао дорад, ки корхонаи истихроҷи сурма, ки дар мавзеи Чойруқдарони шаҳри Гулистон (Қайроққуми пешин) сохта шуда буд, мавриди ғасби рейдерӣ қарор гирифтааст.

Ҷен Ху А, соҳибкори чинӣ дар Тоҷикистон, молики ширкати “Лен Ху А” ва “Маркази фарҳангии Хитой ва Тоҷикистон” гуфта буд, корхонаи истихроҷи сурмаро бо харҷи 1 миллион доллар бунёд карда буд. Ба иддаои Ҷен Ху А, роҳбари “Азия-тур” – як ширкати коршарикаш бо тақаллуби чанд ҳуҷҷат корхона ва чанде аз моликияти дигари ӯро гирифтааст ва ҳамакнун корхонаи ӯ дар гарави “Ориёнбонк” дармондааст.

Ба таъкиди Ҷен Ху А моликияти ӯ тавассути як нақшаи қаблан тарҳрезишуда миёни як ширкат ва бонк сурат гирифтааст. Ба гуфтаи ӯ, Каромат Содиқова ном тоҷири тоҷик, ки молики ширкати “Азия-тур” аст, бо як “мактуби кафолатии тақаллубӣ” аз “Ориёнбонк” наздик ба як миллион сомонӣ қарз гирифта, онро барнагардондааст. Дар натиҷа бонк пардохти қарзи ин ширкатро аз соҳибкори чинӣ Ҷен Ху А талаб кардааст.

Видеоҳои охирин

Чаро касби имом-хатиб аз мӯд баромад?
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:13 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG