Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти молики "Азия-тур" дар пайи баҳси дусола бо "Лен Ху А"


Акс аз бойгонӣ.

Каромат Содиқова, молики ширкати "Азия-тур" аз рӯи баҳси пулии соли 2016 бо ширкати чинии “Лен Ху А” боздошт ва ба тавқифгоҳи муваққатии Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия интиқол дода шуд. Дар нисбати ӯ аз рӯи ду моддаи Кодекси ҷиноӣ парванда боз ва тафтишот шурӯъ шудааст.

Як манбаъи наздик ба тафтишот рӯзи 27-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки соҳибкор Каромат Содиқова рӯзи шанбеи 24-уми феврал боздошт шуд ва дар нисбати ӯ бо ду моддаи кодекси чиноӣ - “қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон” ва “тақалубкории санадаҳои ҳуқуқӣ”, айб эълон гардид.

Ин соҳибкори чинӣ мегӯяд, ки агар дар Тоҷикистон муносибат ба сармоягузорони хориҷӣ ба ҳамин минвол идома кунад, сармоягузорони дигар ҳозир намешаванд ба иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд.

Ин манбаъ афзуд, Каромат Содиқова бар асоси аризаи шикоятии молики ширкати “Лен Ху А” ва “Маркази фарҳангии Хитой дар Тоҷикистон” Ҷен Ху А боздошт шудааст, ки раҳбари ширкати “Азия-Тур”-ро дар тақаллуби ҳуҷҷат ва аз даст рафтани корхонаи истихроҷи сурмааш бо арзиши 1 миллион доллар, айбдор кард. Аризаи шаҳрванди Чинро шахси боэътимоди ӯ ба Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия тақрибан як моҳ қабл пешниҳод карда буд.

Тавре манобеи наздик ба соҳибкори чинӣ мегӯянд, Ҷен Ху А, ки дар Тоҷикистон аз ӯ аслан “Боря” ном мебаранд, мегӯянд, баъди шикояти ду сол қабли ӯ ба Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, мавриди фишор қарор гирифт ва Тоҷикистонро тарк кард ва то ҳол дар Чин бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул аст.

Вай дар як сӯҳбати қаблӣ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки корхонаи истихроҷи сурмаро бо харҷи 1 миллион доллар бунёд карда буд. Ба иддаои Ҷен Ху А, роҳбари “Азия-тур” -- як ширкати коршарикаш бо тақаллуби чанд ҳуҷҷат корхона ва чанде аз моликияти дигари ӯро гирифтааст ва ҳамакнун корхонаи ӯ дар гарави “Ориёнбонк” дармондааст.

Чӣ гуна 1 млн доллари соҳибкори чинӣ "аз худ карда шуд"?

Ба таъкиди Ҷен Ху А, аз худ кардани моликияти ӯ тавассути як нақшаи қаблан тарҳрезишуда миёни як ширкат ва бонк сурат гирифтааст. Ба гуфтаи ӯ, Каромат Содиқова ном тоҷири тоҷик, ки молики ширкати “Азия-тур” аст, бо як “мактуби кафолатии тақаллубӣ” аз “Ориёнбонк” наздик ба як миллион сомонӣ қарз гирифта, онро барнагардондааст. Дар натиҷа бонк пардохти қарзи ин ширкатро аз соҳибкори чинӣ Ҷен Ху А талаб кардааст.

Ин соҳибкори чинӣ гуфт, ҳаминак ду сол боз гирифтори баҳсҳои додгоҳӣ бо Каромат Содиқова, молики ширкати “Азия-тур” ва “Ориёнбонк” аст, ки қарзи гирифтаашро бозпас дода натавонистааст. Пас аз баҳсҳои тӯлонӣ дар Додгоҳи иқтисодии Душанбе ва Додгоҳи олии иқтисодӣ моликияти марбут ба ин соҳибкори чинӣ нахуст ҳабс ва баъдан, ба гуфтаи Ҷен И Ху А, бо нархи даҳҳо баробар арзон ба Каромат Содиқова фурӯхта шудааст.

"Баръакс ман зиён дидам"

Аммо худи Каромат Содиқова дар суҳбати қаблиаш бо Радиои Озодӣ ин иддаои соҳибкори чиниро комилан рад карда буд ва гуфт, баръакс ӯ аз ҳамкорӣ бо ин соҳибкор зиён дидааст. “Худатон тасаввур кунед. Магар бо ҳуҷҷати тақаллубӣ мешавад, аз бонк қарз гирифт? Ҳоло бонкҳо бе ҳуҷҷат ҳазор доллар қарз намедиҳанд, куҷо расад ба миллион сомонӣ?” Ин кашмакаши додгоҳӣ боис ба қатъ шудани фаъолияти корхона ва бекор мондани 130 коргаре шудааст, ки аз 1500 то 2000 сомонӣ маош мегирифтаанд.

Хонум Содиқова мегӯяд, воқеан, корхона бекор хоб аст ва агар ин соҳибкори чинӣ қарзи ӯро дар назди бонк бо фоизу ҷаримаҳояш пардохт кунад, омодааст, корхонаро ба ӯ бозпас диҳад. Аммо соҳибкори чинӣ мегӯяд, ҳуҷҷатҳои ба бонк пешниҳодкардаи Содиқова тақаллубӣ ҳастанд. “Ҳуқуқшиносони мо тақаллубӣ будани ин ҳуҷҷатҳоро исбот карданд, аммо додгоҳ онро ба инобат нагирифт. Баъдан мо ширкати хориҷӣ ҳастем ва бонк бояд дар мавриди “мактуби кафолатӣ” дар тамос мешуд. Амволи моро кормандони бонк омада бояд медиданд, ки надиданд”, - мегӯяд Ҷен Ху А.

Соҳибкори чинӣ: "Аз номи хеши раиси ҷумҳур гап зад"

Ин соҳибкори чинӣ афзуд, Каромат Содиқова дар ҳамаи зинаҳо ба масъулони додгоҳ аз “номи хеши раиси ҷумҳур” гап зада, онҳоро моил кардаст, ки ҳалномаро ба фоидаи ӯ содир намоянд: “Ин зан ба танҳоӣ наметавонист ба суд таъсир расонда, амволи моро бигирад. Аз паси ӯ нафарони дигар истодаанд. Ӯ дар ҳама ҷо мегӯяд, ки бародари ӯ шахси рақами авввали “Ориёнбонк” аст”.

Ин соҳибкори чинӣ дар таъйиди иддаои хеш мактуберо бо имзои Ҳасан Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк”, ба унвонии Наим Мансурзода -- раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ пеш овард ва гуфт, тавассути ин мактуб раиси “Ориёнбонк” ба раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ таъсир расондааст. Дар ҳамин ҳол, Бахтиёр Маҳмудов, роҳбари шӯъбаи даъвоҳои раёсати ҳуқуқии “Ориёнбонк” дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, иддаои ин соҳикбори чинӣ дар мавриди “Ориёнбонк” ягон асос надорад. Ӯ гуфт, баҳс миёни ду ширкати алоҳида аст.

"Фишор ба додгоҳ асос надорад"

“Мо бо ширкати “Лен Ху А” ҳеҷ робита надорем. Ин ширкат танҳо ҳангоми қарз гирифтани “Азия-тур” ҳамчун кафил баромад кардааст. Миёни ин ду ширкат баҳси додгоҳӣ сар зад ва бо қарори додгоҳ амволи ин ширкат ба тавозуни (баланс)-и “Азия-тур” дода шуд. Ин ширкат аз бонк қарздор аст ва фоизҳояш ҳам зиёд шудааст. Мо ин амволро ҳамчун гарави қарзи ин ширкат гирифтем. Ҳамин ки ин ширкат қарзашро дар назди бонк адо кард, ин амволаш баргардонда мешавад”, - гуфт намояндаи “Ориёнбонк”.

Ин ҳамсӯҳбати мо афзуд, иддаои соҳибкори чинӣ дар мавриди фишор ба додгоҳ низ асос надоранд ва додгоҳ мустақилона ва мутобиқи қонун ҳукм баровардааст. Дар ҳамин ҳол, Ҷен Ху А мегӯяд, агар дар Тоҷикистон муносибат ба сармоягузорони хориҷӣ ба ҳамин минвол идома кунад, сармоягузорони дигар ҳозир намешаванд ба иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG