Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҷассамаи тиллоии Эрдуғонро дар Олмон барчиданд


Муҷассами Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар Олмон
Муҷассами Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар Олмон

Дар шаҳри Бисбадени Олмон рӯзи чоршанбе муҷассами тиллоии президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғонро барчиданд, ки рӯзи душанбе дар чаҳорчӯби ҷашнвораи ҳунар дар майдони марказӣ насб шуд.

Қарори барчидани муҷассамаи чаҳорметрии президенти Туркияро, ки дасти росташ ба боло ба ҳайкали Саддом Ҳусейн дар Бағдод монанд буд, баъди эътирозҳои густарда қабул шуд. Даҳҳо сокини шаҳр дар майдон ҷамъ шуда, муҷассаро аз навиштаҷот бо шумули, "Гитлери Туркия", пур карданд.

Бархе сокинони маҳаллӣ тарафдори насби ин ҳайкал буданд. Оташнишонҳо дар ҳоле крани борбардорро ба майдон оварданд, ки маъмурияти шаҳр гуфт, амниятро кафолат намедиҳад.

Таҳиягарони ҷашнвораи ҳунар, ки соли равон бо шиори "Хабарҳои бад" баргузор мешавад, гуфтанд, мучассаро ба ин хотир насб карданд, ки ба баҳсҳо дар атрофи шахсияти зиддунқизи Раҷаб Тайиб Эрдуғон мусоидат кунанд.

Дар Олмон наздик ба се миллион турктабор зиндагӣ мекунад. Бахши умдаи онҳо аз Эрдуғон пуштибонӣ мекунанд, аммо раҳбари Туркия мухолифони зиёд низ дорад, ки бо ишора ба саркуби фаъолони ҷомеаи маданӣ, рӯшанфикрон ва тақвияти қудрати Эрдуғон дар Туркия, ӯро диктатор меноманд.

XS
SM
MD
LG