Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Google иттиҳоми "таассуб" ба президент Трампро рад кард


Ширкати Google иттиҳоми президенти Амрико Доналд Трампро, ки гуфтааст, хадамоти ҷустуҷӯи маълумоти ин пойгоҳ, дар робита ба президент ҳадафмандона фақат хабарҳои танқидиро пешниҳод мекунад, рад кард.

Дар изҳороти намояндаи ширкат омодааст, дар алгоритми кори хадамоти ҷустуҷӯи маълумот механизми бартарӣ ба фоидаи касе ва ё идеологияи сиёсие мавҷуд нест. Ҳадафи ширкат пешниҳоди хабарҳои муносиб ба корбарон ва посух додан ба дархости онҳост,- гуфтааст Google.

Президент Трамп рӯзи гузашта гуфт, ки Google "садои муҳофизакоронро саркуб мекунад" ва инро "талоши ғулҳои интернетӣ барои таҳти назорат гирифтани хабарҳо унвон кард. Ӯ Фейсбук ва Твиттерро низ мавриди танқид қарор дод.

Трамп борҳо расонаҳои номдори Амрикоро барои ба гуфтаи худаш пахши хабарҳои ғалат дар бораи ӯ танқид кардааст. Раҳбари Кохи сафед нашрияҳои пешсафи дунё, ба монанди The New York Times, Washinton Post, NBC, ABC, CBS, CNN ва дигаронро борҳо "душмани халқ" номид.

XS
SM
MD
LG