Додгоҳе дар аёлати Миннесотаи ИМА дархости гурӯҳҳои атеистиро барои аз доллар ва сентҳои амрикоӣ берун кардани ибораи "Мо ба Худо имон дорем" рад кард.
Гурӯҳҳои атеистӣ ба додгоҳ даъво бурданд, ки вуҷуди ин шиор дар пули миллии Амрико, ислоҳи аввали Қонуни асосиро, ки озодии эътиқодро кафолат додааст, нақз мекунад.
Додрас бо далеҳои даъвогарон розӣ нашуд ва қарор кард, ки шиори "Мо ба Худо имон дорем" бо идеяҳои озодии наслҳои гузашта мувофиқ буд ва ба қонун муғойират намекунад.
Аз манфиати атеистҳо дар додгоҳ Майкл Нюдоу намояндагӣ мекард, ки дар гузашта айни ҳамин талабро дар додгоҳ матраҳ карда буд, аммо бой дод. Додгоҳ қарор кард, ки ибораи "Мо ба Худо имон дорем", пуштибонии давлатро аз дини мушаххас нишон намедиҳад.
"Мо ба Худо Имон дорем" бори аввал дар тангаҳои амрикоӣ соли 1864, замони ҷанги шаҳрвандии Шимолу Ҷануб пайдо шуд. Нашри он дар пулҳои коғазӣ миёнаи солҳои 60-ум, дар ҳоле оғоз шуд, ки Конгресс онро шиори миллии Амрико эълон кард.