Додгоҳи ноҳияи Жетисуи шаҳри Алмато рӯзи 28 август баррасии парвандаи "ҷиҳодиҳо" -- Кенҷебек Абишеви 51-сола ва Алмат Ҷумагулови 43-соларо оғоз кард.
Мурофиа пушти дарҳои баста сурат гирифт ва ҳатто ҳамсарони гумонбарон ба толор роҳ наёфтанд. Ин ду шаҳрванди Қазоқистон дар "даъват ба терроризм" айбдор шуда, Ҷумагулов ҳамчунин ба "барангехтани бадбинӣ" муттаҳам мешавад. Гумонбарон тамоми айбҳоро рад мекунанд.
Вакилон аз додгоҳ таъғири ҳабси пешакии гумонбарон ва бозбинии паравандаи шиканҷа шудани Ҷумагуловро дархост карданд.
Абишев ва Жумагулов моҳи ноябри соли 2017 дар доираи санҷиши парвандаи ба гуфтаи пулис, "даъвати оммавӣ ба амали террористӣ" дар Алмато боздошт шуданд ва 28 ноябртаҳти ҳабси пешакӣ қарор гирифтанд. Муҳлати боздошт то ҳол чанд дафъа тамдид шуд. Жумагулов иқрор мекунад, ки ҷонибдори ҳаракати мамнуи марбут ба бонкдори пешини қазоқ Мухтор Аблязов - "Интихоби демократии Қазоқистон" аст. Вале Абишев мегӯяд, пайванде бо ин ҳаракат надорад.
Гумонбарон моҳи апрели соли равон тавонистанд дар боздоштгоҳи муваққат бо ҳуқуқдонони аврупоӣ - вакили порлумони Лаҳистон Марчин Свенчитский ва президенти Федератсияи ҳуқуқи инсони Итолиё Антонио Станго мулоқот кунанд. Ҳомиёни ҳуқуқ баъдан дар як нишасти хабарӣ айбҳои эъломшуда зидди ду гумонбар ва мустақил будани низомии додгоҳии Қазоқистонро аз мақомоти тафтишотӣ зери суол бурданд.
Як қатор созмонҳои ҳомии ҳуқуқи Қазоқистон Абишев ва Жумагуловро "маҳбуси сиёсӣ" меноманд.