Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон барои таҳримҳо Амрикоро то додгоҳи байналмилалӣ бурд


Вакили ИМА Ҷеннифер Нюстид дар мурофиаи Эрон алайҳи Амрико. 27-уми августи соли 2018
Вакили ИМА Ҷеннифер Нюстид дар мурофиаи Эрон алайҳи Амрико. 27-уми августи соли 2018

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, барқарор кардани таҳримҳои марбут ба барномаҳои ҳастаии Эрон қонунӣ буда, бо чораҳои амнияти миллӣ тавҷеҳ шудаанд ва Эрон наметавонад инро дар Додгоҳи олии Созмони Милали Муттҳаид ба чолиш бикашад.

Вакили Департаменти давлатии ИМА Ҷеннифер Нюстед рӯзи 28-уми август аз додгустарҳои Додгоҳи байналмиллӣ даъват кард, аризаи Эронро, ки лағви таҳримҳои ИМА-ро дархост намудааст, рад кунанд.

Таҳаввулот дар ҳоле оғоз шуд, ки Вашингтон аз созиши ҳастаии Эрон бо қудратҳои ҷаҳонӣ, ки соли 2015 имзо шуда буд, хориҷ шуд.

Вакили Амрико дар додгоҳи Гаага гуфт, ҳеҷ тавҷеҳе барои баррасии ин масъала мавҷуд нест, зеро Амрико ҳақ дорад амнияти миллиашро муҳофизат кунад.

Рӯзи 27-уми август, дар нахустин рӯзи мурофиа вакили Эрон Муҳсин Муҳибӣ ба додгустарҳо гуфт, сиёсати Амрико дар баробари Теҳрон "чизе бештар аз таҳоҷуми иқтисодӣ нест".

Президенти ИМА Долналд Трамп аввали моҳи август таҳримҳои зидди Эронро дубора барқарор кард, ки тадриҷан амалӣ мешаванд. Дар ин замина Эрон ИМА-ро ба додгоҳи байналмилалӣ кашид ва гуфт, ин таҳримҳо созишномаи соли 1955 дар мавриди "Дӯстии байни Вашингтону Теҳрон"-ро нақз мекунад.

Созишнома дар бораи "Дӯстии Амрикову Эрон" замоне имзо шуда буд,ки Теҳрону ИМА робитаҳои хуб доштанд. Аммо инқилоби исломии соли 1979 хусуматеро дар байни ду кишвар эҷод кард, ки доманаш ба даҳсолаҳо мекашад.

XS
SM
MD
LG