Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: Генералҳои Мянмар бояд барои наслкушӣ ҷавоб гӯянд


Паноҳандагони Роҳинҷа дар интизори намояндагони Шӯрои амнияти СММ
Паноҳандагони Роҳинҷа дар интизори намояндагони Шӯрои амнияти СММ

"Раҳбарияти артиши Мянмар бояд бо иттиҳоми наслкушӣ ба ҷавобгарӣ кашида шавад" - чунин аст хулосаи гузориши коршиносони Созмони Милали Муттаҳид, ки далелҳои таъқиби мусалмонҳои Роҳинҷа аз тарафи низомиёни Мянмарро таҳқиқ карданд. Фишурдаи ин гузоришро нашрияи The New York Times рӯзи 27-уми август нашр кард.

Ба гуфтаи коршиносони СММ, ки беш аз як сол вазъи Мянмар ва маъракаи мақомот бар зидди мусалмонони Роҳинҷаро омӯхтаанд, далелҳо ба ин далолат мекунанд, ки таъқибҳо хусусияти наслкушӣ доранд.

Дар гузориши миссияи Созмони Милали Муттаҳид гуфта мешавад, ки бар зидди шаш генерали баландпояи Мянмар бояд аз рӯи ҷиноят алайҳи инсоният айб эълон шавад. Иттиҳом аз ҷумла бояд бар зидди генарал Мин Аун Хлаина, сарфармондеҳи артиши Мянмар, эълон шавад.

Коршиносони СММ бар ин назаранд, ки низомиёни Мянмар дар баробари маъракаи иҷборӣ ба Бангладеш пеш кардани 700 ҳазор мусалмони Роҳинҷа масъулият доранд.

Бинобар ҳисобҳо дар маъракаи саркӯби мусалмонони Роҳинҷа дастикам 10 ҳазор нафар кушта шуд. Дар гузориши СММ раҳбари мулкии Мянмар, барандаи ҷоизаи Нобел Аун Сан Су Чӣ танқид шудааст, ки натавонист зимоми низомиҳорор дар даст нигаҳ дорад.

XS
SM
MD
LG