Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садри аъзами Олмон эътирозҳои хиёбониро дар Ҳемнитс маҳкум кард


Тазоҳургарони "Алтернатива барои Олмон" (Акс аз бойгонӣ)
Тазоҳургарони "Алтернатива барои Олмон" (Акс аз бойгонӣ)

Садри аъзами Олмон Ангела Меркел эътирозҳои хиёбонии нерӯҳои ростгаро дар шаҳри Ҳемнитсро, ки рӯзи 27-уми август ҷараён гирифт, шадидан маҳкум кард. Меркел дар изҳороте гуфт, "ингуна амалҳо набояд дар Олмон ҷой пайдо кунанд".

Сабаби эътироз куштори як марди маҳаллӣ буд, ки дар он аз паноҳандагони Сурия ва Эрон гумонбар шудаанд. Чанд ҳазор нафар ба нишони эътироз алайҳи ин ҳодиса ба кӯчаҳо рехтанд. Баъзеи онҳо барои берун кардани хориҷиҳо аз Олмон шиор медоданд ва дастони худро бо шеваи дар ин кишвар мамнӯи "фашистӣ" боло мебардоштанд.

Гуфта мешавад, дар чанд ҳолат тазоҳургарон ба онҳое дарафтоданд, ки чеҳраҳояшон ба мардуми Ховари Миёна монанд буд. Даргирии пулис бо эътирозгарон ва муноқишаи тазоҳургарони ростгаро бо чапҳо ҷараён гирифт.

Яке аз намояндагони ҳизби ростгарои "Алтернатива барои Олмон", ки дар Саксония - заминҳои федеролӣ бисёр машҳур аст, гуфт, агар пулис аз уҳдаи ҷорӣ кардани тартибот набарояд, "шаҳрвандон бояд ба кӯча бароянд ва аз худ муҳофизат кунанд".

Ин изҳорот интиқоди шадидро ба дунбол дошт. Оливер Малахов, раҳбари Иттифоқҳои касабаи пулис гуфт, ки гашти нозирони пулис дар кӯчаҳо бинобар ихтисори ҷойҳои корӣ камранг шуд ва даъват кард, ки то 20 ҳазор корманд барои риояи тартиботи кӯчаҳо ҷалб шавад.

XS
SM
MD
LG