Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон ҳалқаи қочоқбари танфурӯшҳоро ошкор кард


Дар фурудгоҳи шаҳри Самарқанди Узбекистон гуруҳи занонеро боздошт карданд, ки қарор буд барои танфурӯшӣ ба Туркия интиқол меёфтанд.

Биноба маълумоти Вазорати умури дохилии Узбекистон, гуруҳи ҷиноӣ, ки занҳоро барои танфурӯшӣ ба туркия мефиристод рӯзи 15 август дар натиҷаи як амалиёти пулиси вилояти Навоӣ боздошт шуд.

"Узви гурӯҳи ҷиноӣ, сокини Самарқанд Р. Б. дар вилояти Навоӣ се зани бекору ниёзмандро пайдо кардааст, ки хоҳиши кор дар хориҷро доштанд. Бо ваъдаи ҷои кор ба ҳайси фурӯшанда ва фаррош мехост, онҳоро барои танфурӯшӣ ба Туркия фиристад", - омадааст дар иттилоияи вазорат.

Дар ҷалби шаҳрвандони Узбекистон ба фоҳишагӣ ба Р. Б. модараш кумак менамудааст, ки дар Туркия кору зиндагӣ дорад.

Феълан Шуъбаи тафтишотии пулиси Навоӣ бо санҷиши ҳодиса машғул аст.

XS
SM
MD
LG