Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон баррасии созишномаи Қумторро дубора ба таъхир гузошт


Кони тиллои Қумтор дар Қирғизистон
Кони тиллои Қумтор дар Қирғизистон

Ҳукумати Қирғизистон муҳлати баррасии созишномаи стратегиро бо шикати канадагии "Сентерра" то ду моҳи дигар ба таъхир гузошт. Ҷонибҳо ба созиш расиданд, ки муҳлати иҷрои шартҳои созишномаро то 2 ноябр тамдид кунанд.

Роҳбарияти Кумитаи давлатии саноати Қирғизистон сабаби чунин тасмимро шарҳ надод. Моҳи июн ҳукумати Қирғизистон гуфт, ният дорад шартҳои созишнома бо "Сентерра"-ро бозбинӣ кунад.

Бино бар созише, ки дар замони сарвазирии Сафар Исҳоқов дар сентябри соли 2017имзо шуд, ширкати "Сентерра" вазифадор шудааст, пардохти зистмуҳитиро ба Қирғизистон аз 310 ҳазор доллар ба 3 миллион доллар расонад ва ба Бунёди рушди муҳит 50 млн, ба Бунёди рушди хадамоти онкологӣ 10 млн ва ҳамасола 6 млн доллари дигар барои Бунёди тасфияи тарҳи "Қумтор" ҷудо кунад.

Ҷонибҳо аз ҳама навъи баҳсҳои додгоҳӣ худдорӣ карда, маҳдудиятҳо аз кормандони "Қумтор" -ро бардошта ва созишномаи соли 2009 имзошударо бе тағйир боқӣ гузоштанд.

Дар ҳоли ҳозир дақиқ нест, ки ҳукумати сарвазири нави Қирғизистон Муҳаммадқулӣ Абилғозиев чӣ тасмиме хоҳад гирифт.

Қумтор бузургтарин кони тилои Қирғизистон аст, ки аз сӯи ширкати канадагии Centerra Gold Inc. идора мешавад.

XS
SM
MD
LG