Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лукашенко гуфт, дар эҷоди сулҳ ва бозсозии Сурия кумак мекунад


Александр Лукашенко
Александр Лукашенко

Александр Лукашено, раиси ҷумҳури Беларус, гуфт, ки барои эҷоди сулҳ ва барқарорӣ ё бозсозии Сурия ҳаматарафа кумак хоҳанд кард. Ӯ дар ин бора рӯзи 26-уми август дар барқияи табрикиаш ба муносибати 25-умин солгарди равобити дипломатии Беларусу Сурия таъкид намудааст.

Лукашенко дар барқия гуфтааст, аз муборизаи Сурия алайҳи терроризм ва, ҳамчунин, аз президентии Башор Асад пуштибонӣ мекунад.

Башор Асад маблағи барқарории Сурияро 400 миллиард доллар ҳисоб кардааст. Ҳамаи бахши даромади буҷети Беларус дар соли 2017 бист баробар аз ин маблағ кам аст.

Ба ҳисоби созмони World Vision, барои ободии вайронаҳои ҷанги Сурия 1 триллиону 300 миллиард доллар зарур аст.

Қаблан Ҷон Болтон, мушовири президенти Амрико, гуфта буд, ки Русия дар мушкили Сурия дармондааст ва акнун барои бозсозии ин кишвар дар Ғарб сармоя меҷӯяд.

Моҳи июли имсол, баъди се рӯзи мулоқоти Владимир Путин ва Доналд Трамп, Ситоди куллии Русия аз раҳбарияти низомии Амрико хоста буд, дар барқарори Сурия сармоягузорӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG