Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти сиёсатмадори мухолиф Навалний дар Маскав


Алексей Навалний
Алексей Навалний

Маъмурони пулис дар шаҳри Маскав, пойтахти Русия, сиёсатмадори мухолиф Алексей Навалнийро боздошт кардаанд. Кира Ярмиш, сухангӯи Навалний, рӯзи 25-уми август дар Твиттер навишт, ки ин ҳодиса рӯзи шанбе рух дод.

“Навалнийро дар даромадгоҳи манзилаш боздошта, телефонашро гирифтанд. Маъмурони пулис сабаби боздоштро нагуфтанд”, - навишт Ярмиш.

Қаблан гуфта шуда буд, ки мақомоти Маскав аризаи тарафдорони Навалнийро барои баргузории гирдиҳамоӣ алайҳи тағйири қонуни нафақа баррасӣ хоҳанд кард. Интизор меравад, ин гирдиҳамоӣ рӯзи 9-уми сентябр баргузор шавад.

Ҳукумати Русия пешниҳод кардааст, ки синни нафақа дар он кишвар барои занон аз 63-солагӣ ва барои мардон аз 65-солагӣ муқаррар шавад. Дар ҳоли ҳозир занон дар русия аз 55-солагӣ ва мардон аз 60-солагӣ ҳаққи ба нафақа баромаданро доранд.

XS
SM
MD
LG