Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Импичменти Трамп имкон дорад?


Раиси ҷумҳури Амрико дар вокуниш ба эҳтимоли фарохонд ё импичменти худ дар сурати пирӯзии демократҳо дар интихоботи Конгресс, гуфт, ки ин амр паёмадҳои иқтисодии вахиме хоҳад дошт.

Доналд Трамп рӯзи панҷшанбе 23-юми август дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии Sky News гуфт, "агар ман импичмент шавам, бозор суқут хоҳад кард. Фикр мекунам, ки хелеҳо фақир шаванд". Вай афзудааст, "намедонам, чӣ тур метавонед касеро, ки корашро олӣ анҷом медиҳад, импичмент кунед."

Агар демократҳо пирӯз шаванд, Трамп импичмент мешавад?

Изҳороти раиси ҷумҳури Амрико пас аз он баён мешавад, ки Майкл Коҳен, вакили пешини ӯ, дар Додгоҳи федеролии Манҳатан гуфт, ки Трамп ба ӯ дастур дод, то дар остонаи интихоботи президентии соли 2016 ба ду зане, ки иддао мекунанд бо ӯ робитаи ҷинсӣ доштаанд, ҳаққи сукут бидиҳад.

Майкл Коҳн.
Майкл Коҳн.

Эътирофоти вай боис шудаааст, ки гумонҳҳо дар бораи импичменти Доналд Трамп дар сурати тасаллути дубораи демократҳо бар Маҷлиси намояндагон дар интихоботи моҳи ноябри имсол, шиддат бигирад.

Доналд Трамп ҳамчунин дар ин мусоҳиба бо баёни ин, ки Майкл Коҳен ба таври "вақтбайъ" барои ӯ кор мекард, талош кард нақши ӯро дар ташкилоти худ камранг нишон диҳад. Вай сипас Майкл Коҳенро ба достонсроӣ ва дурӯғгӯи муттаҳам сохт ва ӯро "дорбоз" номид.

Ситоиши Трамп аз Пол Манафорт

Раиси ҷумҳури Амрико аммо аз Пол Манафорт, раиси пешини ситоди интихоботии худ, ки ӯ низ дар додгоҳ гунаҳкор шинохта шудааст, ситоиш кард. Вай гуфт, ки Манафортро "эҳтироми зиёд" мекунад ва иттиҳоме, ки ба ӯ ворид шудааст, метавонад шомили ҳоли ҳар мушовир ва лоббии дигаре дар Вашингтон бишавад.

Додгоҳе дар иёлати Вирҷиния Пол Манафортро дар ҳашт маврид аз 18 мавриди иттиҳоми бонкӣ ва молиётӣ, гунаҳкор шинохтааст. Муҳокими Пол Манафорт дар натиҷаи таҳқиқот дар атрофи мудохилаи Русия дар интихоботи президентии Амрико ва ҳамкории эҳтимолии Ситоди интихоботии Трамп бо русҳо анҷом мегирад.

Фаро хондан ё импичмент чист?

Радди салоҳият ё импичмент маънои онро дорад, ки иттиҳом аз сӯи Конгресси Амрико метавонад оғоз ё муқаддимае барои муҳокимаи президент бошад. Тибқи қонун, раиси ҷумҳур, муовини ӯ, ва мақомҳои дигари Амрикоро метавон пас аз радди салоҳият ба хотири хиёнат ба кишвар, ришвахорӣ ва дигар ҷурмҳо, аз мақомҳояшон барканор кард.

Раванди радди салоҳият бояд аз Конгресс оғоз шавад ва амалӣ шудани он ба раъйи аксари намояндагон ниёз дорад. Дар сурати касби ин раъй, муҳокима дар сенат баргузор мешавад. Дар ин марҳила раъйи аз се ду ҳиссаи намояндагони Сенат барои барканории президент лозим аст.

XS
SM
MD
LG