Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ: cе хоҳар барои қатли падар дар боздошт мемонанд


Ангелина Хачатурян - яке аз хоҳарон дар боздоштгоҳ
Ангелина Хачатурян - яке аз хоҳарон дар боздоштгоҳ

Додгоҳи Маскав боздошти хоҳарон Хачатурянро, ки ба куштори падарашон муттаҳам шудаанд, қонунӣ номид ва дархости вакилонро барои ҳабси хонагӣ рад кард.

Ҳамзамон додситон дар рафти мурофиа гуфт, ки маълумоти наве ба парванда ворид шуд, ки ба дастдарозии падар ба домаи духтаронаш рабт мегирад. Ба гуфти вакили хоҳарон, тафтишот ин маълумотро феълан ҳамчун "рафтори ғайри ахлоқӣ" унвон кардааст.

Тоҷири 57-сола Михаил Хачатурян рӯзи 27 июл дар Маскав кушта шуд. Ҷасади ӯ бо зарбаҳои бешумори корд дар хонаааш, воқеъ дар шоҳроҳи Алтуфевский ёфт шуд, ки тоҷир бо оилдааш дар онҷо зиндагӣ мекард. Масъулияти кушторро се духтари ин мард бар дӯш гирифт, ки 17,18 ва 19 сол доранд. Пулисро ба ҷойи ҳодиса худи духтарҳо даъват карданд. Кумитаи тафтишот онҳоро ба "куштори тарҳрезишудаи гурӯҳӣ" муттаҳам кард. Ҳадди ақали ҷазао барои ин ҷиноят - ҳабси якумрӣ аст.

Ба гуфтаи хоҳарон, зуроварӣ ва таҳқир аз ҷониби падар, ки солҳо таҳаммул мекарданд, онҳоро ба содир кардани ин ҷиноят таҳрик дод. Хешутабор ва дӯстони хонавода мегӯянд, ки падар бо духтаронаш чун бо ғулом рафтор мекард ва аҳён иҷоза медод, ки онҳо ба кӯча бароянд.

Бо вуҷуди ин, рӯзи 2 август додгоҳи Останкинои пойтахти Русия амри боздошти се хоҳар - Кристина, Ангелина ва Мария Хачатурянро содир кард.

XS
SM
MD
LG