Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои Афғонистон 149 гаравгонро аз дасти Толибон озод карданд


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, нерӯҳои кишвар рӯзи 20 август 149 нафарро, ки ҷангиёни Толибон чанд соат пеш дар вилояти шимолии Кундуз гаравгон гирифтанд, раҳо карданд. Нусрат Раҳимӣ, ноиби сухангӯи вазорати дохилии Афғонистон гуфт, ки 21 нафари дигар, ки бо мусофирбар барои таҷлили ид ба Кобул сафар доштанд, дар дасти Толибон қарор доранд.

Мусофирбарҳоро дар ноҳияи Хонобод, минтақаи таҳти назорати Толибон манъ карданд. Нерӯҳои ҳукуматӣ барои озод кардани онҳо бо ҷангиён вориди даргирӣ шуданд. Раҳимӣ гуфт, ки дар ин даргирӣ дастикам ҳафт ҷангии Толибон кушта шуд, аммо онҳо 21 нафарро бо худ ба самти номаълум бурданд. Ба 149 нафари озодшуда занон ва кӯдакон низ шомил буданд.

Узви Шӯрои Қундуз Саид Асадулло Садат гуфт, ки эҳтимолан дар мусофирбарҳои пуродам аскарони нерӯҳои ҳукуматӣ ва пулис ҳам ҳузур доштанд ва эҳтимол онҳогаравгон шуданд.

Сухангӯи Толибон баъдтар тасдиқ кард, ки онҳо бо нафарони дигар намояндагони нерӯҳои амниятии Афғонистонро низ асир гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG