Шаби душанбе шахсони номаълум ба сӯи сафорати ИМА дар Анкара оташ кушоданд. Пулис ва намояндагони сафорат мегӯянд ки дар ин ҳодиса касе осеб надидаст.
Ба тарафи сафорат аз мошине оташ кушоданд, ки аз канори бино мегузашт. Якчанд тир ба утоқи муҳофизон бархурд. Тирандозҳо аз ҷойи ҳодиса ғайб заданд. Сафорати ИМА дар Туркия бинобар иди мусалмонон ин ҳафта кор намекунад.
Ҳодиса дар пасманзари якбора бад шудани равобити Вашингтон ва Анкара рух дод. Ийолоти Муттаҳидаи Амрико аз Туркия талаб дорад, ки роҳиби амрикоӣ Эндрю Брасонро озод кунад. Анкара Брансонро ба даст доштан дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ ва ҷосусӣ муттаҳам кардааст. Дар заминаи ин таниш ИМА алайҳи як идда вазирони Трукия таҳрим ҷорӣ кард ва таруфаи содироти фӯлод ва аллюминиро барои Туркия боло бурд. Туркия низ таруфаи таҷҳизоти истеҳсоли ИМА, аз ҷума таҷҳизоти электрониро афзоиш дод. Таниши дар байни Вашингтон ва Анкара қурби пули милли Туркия - лираро сарозер кард.