Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп: "Аллакай азамату бузургиро ба Амрико баргардондам"


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Президенти Амрико Доналд Трамп гуфт, ки бо иҷрои чанд ваъдаи пеш аз интихоботиаш азамату бузургиро дубора ба Амрико баргардондааст.

Трамп дар ин бора баъди як баҳс бо волии Ню-Йорк, намояндаи ҳизби демократ Эндрю Куомо, дар "Твиттер" ибрози назар кард. Куомо қаблан шиори Трампро (Азамату бузургии Амрикоро дубора бармегардонем) зери бори танқид гирифта буд.

Доналд Трамп ва чанде аз ҷумҳурихоҳони дигар волии Ню-Йоркро барои адами "патриотизм" ваё ватандӯстӣ айбдор карданд. Трамп дар силсилаи навиштаҳояш дар "Твиттер" иддао кард, ки шукӯҳу шаҳоматро дубора ба Амрико баргардондааст. "Фақат ба бозор, ҷойҳои корӣ ва артиш бинигаред. Мо рекорд мегузорем", - навиштааст ӯ.

Бино ба назарсанҷиҳо, фаъолияти Трампро дар мақоми раиси ҷумҳур ба ҳисоби миёна ҳудуди 43 дарсади амрикоиҳо мусбат ва 52 дарсад манфӣ арзёбӣ мекунанд.

Доналд Трамп дар интихоботи соли 2016 ба курсии раёсати ҷумҳури Амрико нишаст. Ӯ ҳақ дорад, барои як чорсолаи дигар ба ин мақом номзад бишавад.

XS
SM
MD
LG