Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доналд Трамп: Роҳиби боздоштшуда дар Туркия ҷосус нест


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, бори дигар аз кашиш ё роҳиби боздоштшудаи амрикоӣ дар Туркия дифоъ кард.

Трамп рӯзи 17-уми август гуфт, “Турикя дер боз мушкил эҷод мекунад ва ба мисли як дӯст амал наменамояд. Алайҳи Эндрю Брансон иттиҳоми ҷосусӣ нодуруст ворид шудааст. Ӯ ҷосус нест.”

Раиси ҷумҳури Амрико гуфт, ки Туркия ин кашишро бояд ба Вашингтон фиристад.

Ин дар ҳолест, ки додгоҳи таҷдиди назари шаҳри Измир (Туркия) рӯзи 17-уми август дархости бегуноҳии Эндрю Брансонро рад кард.

Эндрю Брансон моҳи октябри соли 2016 бидуни инки узвияти кадом созмони террористоро дошта бошад, ба ҳимоят аз фаъолиятҳои террористӣ муттаҳам шуд.

Дар сурате ки гуноҳи вай исбот шавад, мумкин аст, ба 35 соли зиндон маҳкум шавад.

XS
SM
MD
LG