Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрон Хон ба ҳайси нахуствазири Покистон қасам ёд кард


Имрон Хон
Имрон Хон

Имрон Хон, раҳбари ҳизби Таҳрики инсоф ва ситораи собиқи крикет, рӯзи 18-уми август ба ҳайси нахуствазири Покистон савганд ёд кард.

Порлумони Покистон рӯзи 17-уми август Имрон Хонро ба унвони нахуствазири он кишвар интихоб карда буд.

Имрон Хон дар овоздиҳии порлумони Покистон тавонист, ки аз миёни 342 узви маҷлис ҳимояти 186 нафаро ба даст биорад. Ӯ барои пирӯзӣ ба 172 овоз ниёз дошт.

Ҳизби Таҳрики инсоф дар интихоботи 25-уми июли имсол дар Покистон курсиҳои бештари маҷлисро аз они худ кард.

XS
SM
MD
LG